Тозанашр
ИСТИФОДАИ ТАҶРИБАҲОИ НАМОИШӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ ОМИЛИ ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТИ ХОНАНДАГОН
МУАЛЛИФ: Умаров Насимҷон Негматович, н.и.физ.мат., дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт; Қаюмзода Абдумалик Қаюм, н.и.физ.мат., дотсен; Умаров Абдуқаҳҳор Насимҷонович, докторанти (PhD)-и факултети санъати тасвирӣ ва нақшакашии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақолаи мазкур ба рушди қобилияти математикӣ ҳамчун ҷузъи омодагии касбии омӯзгорони оянда бахшида шудааст, ки ташаккули он метавонад дар раванди омӯзиши фанҳои равияи риёзӣ дар донишгоҳҳои омӯзгорӣ сурат гирад. Дар мақола барои ташаккули қобилияти математикии моҳияти истифодаи усулҳои мушоҳида, таҷриба, муқоиса, аналогия, умумият, махсусият, абстраксиякунӣ, мушаххаскунӣ, таҳлил, синтез, индуксия ва дедуксия барои ташаккули салоҳияти математикии омӯзгорони оянда истифода мешаванд, кушода дода шудааст. Дар мақола дар бораи чӣ гуна баланд бардоштани сатҳи рушди салоҳияти математикӣ тавассути истифодаи маҷмӯи масъалаҳои математикӣ ва амалӣ дар раванди таълим маълумот дода мешавад. Аҳамияти таълими математика, забони математикӣ ва фаъолияти математикӣ дар ташаккули салоҳияти математикии муаллимони оянда ба назар гирифта шудааст. Методология ва тамоюлҳои муосири таълими фанни математика ба донишҷӯёни мактабҳои олӣ, инчунин рушди салоҳияти математикӣ дар ин раванд муфассал баррасӣ шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
таҷрибаи намоишӣ, корҳои лабораторӣ, ташаккули шахсияти хонандагон, раванди таълим, донишандӯзии хонандагон, муассисаҳои таълимӣ