МЕТОДҲОИ ТАДҚИҚОТИ ИЛМӢ ДАР РУШДИ ҚОБИЛИЯТИ МАТЕМАТИКИИ МУАЛЛИМОНИ ОЯНДА

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Сатторов А.Э., Раҷабова С.Ҷ..pdf)Сатторов А.Э., Раҷабова С.Ҷ.МЕТОДҲОИ ТАДҚИҚОТИ ИЛМӢ ДАР РУШДИ ҚОБИЛИЯТИ МАТЕМАТИКИИ МУАЛЛИМОНИ ОЯНДА11

 


МУАЛЛИФ: Сатторов Абдурасул Эшбекович, д.и.п., профессори кафедраи алгебра ва геометрияи МДТ “ДДБ ба номи Носири Хусрав” (Тоҷикистон, Бохтар); Раҷабова Саодат Ҷамоловна, н.и.п., дотсент, мудири кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотӣ, дотсенти МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақолаи мазкур ба рушди қобилияти математикӣ ҳамчун ҷузъи омодагии касбии омӯзгорони оянда бахшида шудааст, ки ташаккули он метавонад дар раванди омӯзиши фанҳои равияи риёзӣ дар донишгоҳҳои омӯзгорӣ сурат гирад. Дар мақола барои ташаккули қобилияти математикии моҳияти истифодаи усулҳои мушоҳида, таҷриба, муқоиса, аналогия, умумият, махсусият, абстраксиякунӣ, мушаххаскунӣ, таҳлил, синтез, индуксия ва дедуксия барои ташаккули салоҳияти математикии омӯзгорони оянда истифода мешаванд, кушода дода шудааст. Дар мақола дар бораи чӣ гуна баланд бардоштани сатҳи рушди салоҳияти математикӣ тавассути истифодаи маҷмӯи масъалаҳои математикӣ ва амалӣ дар раванди таълим маълумот дода мешавад. Аҳамияти таълими математика, забони математикӣ ва фаъолияти математикӣ дар ташаккули салоҳияти математикии муаллимони оянда ба назар гирифта шудааст. Методология ва тамоюлҳои муосири таълими фанни математика ба донишҷӯёни мактабҳои олӣ, инчунин рушди салоҳияти математикӣ дар ин раванд муфассал баррасӣ шудааст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

математика, қобилияти математикӣ, салоҳият, муаллими ояндаи математика, методҳои тадқиқоти илмӣ, мушоҳида, таҷриба, умумият, муқоиса, анология, умумият, махсусият, дедуксия, индуксия, таҳлил, синтез, дониш, малака, маҳорат