МАВҚЕИ МАШҚҲОИ ГРАММАТИКӢ ДАР ДАРСИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ҳомидова М.Н., Холов С..pdf)Ҳомидова М.Н., Холов С.МАВҚЕИ МАШҚҲОИ ГРАММАТИКӢ ДАР ДАРСИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ10

 


МУАЛЛИФ: Ҳомидова Мунира Нӯмоновна, н.и.ф., дотсенти кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ; Холов Саидмуҳиддин, муаллими калони кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Масъалаи намудҳои гуногуни машқҳои грамматикӣ ва мавқеи он дар дарси забони англисӣ баррасӣ шудааст. Муаллиф пеш аз ҳама истилоҳи restructuring (таҷдид)”-ро шарҳ дода қайд мекунад, ки таҷдид ё бозсозии сохтор ин он аст, ки донишҷӯён машғулиятҳои амалиро иҷро мекунанд, он чизеро, ки намедонистанд ҳангоми машқкунӣ дарк мекунанд ва пас аз таҷриба донишҳои навро бо дониши пешина алоқаманд мекунанд, яъне раванди пайвасту мукаммал кардани грамматикаи нав бо грамматикае мебошад, ки донишҷӯ аллакай медонад ва истифода мебарад. Мақола ба омилҳое, ки омӯзгор бояд ҳангоми интихоб ва ё таҳияи супоришоти грамматикӣ ба назар гирад, оварда шудааст. Он ба се намуди машқҳо – боназорат, роҳнамоёна ва озод бахшида шуда, нишон медиҳад, ки ин се навъи машқҳо ба донишҷӯён барои хубтару беҳтар фаҳмидани мавзуъ ва бартараф кардани мушкилоти омӯзиши грамматикӣ кӯмак мерасонанд. Инчунин, муаллифони мақола ба омӯзгорон тавсия медиҳанд, ки машқҳои грамматикӣ барои донишҷӯён бояд пурмазмун, шавқовар ва ҷолиб бошанд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

машқ, дақиқӣ, равонӣ ё озод, таҷдиди сохтор, машқи боназорат, машқи роҳнамоёна, машқи озод (мустақилона)