Тозанашр
МОҲИЯТ ВА МУНДАРИҶАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ МАКТАББАЧАГОН ДАР ЗАМОНИ МУОСИР
МУАЛЛИФ: Вализода Шоирахон, н.и.п., дотсент, мудири кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”, (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола баъзе масъалаҳои ватандӯстии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии замони муосир баррасӣ гардида аст. Дар он масъалаҳои муҳими ин муаммо: афзалиятҳои сиёсати давлатӣ, ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Мақолаи мазкур мазкур дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” таҳия шуда, ҳадаф, асосҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстии хонандагон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онҳо муқаррар гардидаанд. Тарбия – механизми ҳамкории байни наслҳо, таъмини воридшавии наслҳои наврас ба ҳаёти ҷомеа, табдил додани субъектҳои фаъоли раванди мушаххаси таърихӣ мебошад. Ҷиҳати амалишавии қонуни мазкур, ки тибқи муқаррароти он ҳар як ҷавон дар замири худ бояд дӯст доштани Ватан-модар, зодгоҳ, марзу буми аҷдодӣ, содиқ будан ба халқу ватани хеш, меҳанпараст будан, хизмат ба халқу ватан, пос доштан ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалиро ҷой диҳад, ки дар ин самт саҳми муассисаҳои таълимӣ назаррас аст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
кӯдакони синни хурди мактабӣ, ватандӯстӣ, тарбияи ватандӯстӣ мактаб, шаҳрвандӣ, давлат,қонун, Ватан-модар,арзишҳои миллӣ,фаҳанги миллӣ,меҳанпараст ва афзалиятҳои сиёсӣ