Тозанашр
ОМИЛҲОИ ТАШАККУЛИ САЛОҲИЯТҲОИ КАСБИИ МУАЛЛИМОНИ ОЯНДАИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ
МУАЛЛИФ:Мамадҷонов Самеъҷон Ҳабибуллоевич, дотсенти кафедраи педагогика ва табиӣ-риёзӣ МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба баррасии омилҳои ташаккули салоҳиятҳои касбии муаллимони ояндаи синфҳои ибтидоӣ бахшида шудааст.Роҳу усулҳои самарабахши ташаккули салоҳияти касбии омӯзгорони ояндаи синфҳои ибтидоӣ дар шароити муосир нишон дода шудааст. Вазифа ва мазмуни салоҳияти касбии муаллимони ояндаи синфҳои ибтидоӣ барои мактабҳои миллӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳити фарҳангӣ баён гардидааст. Хулоса мешавад, ки тартиб додани модел ва технологияи педагогии ташаккули салоҳияти касбии омӯзгорони ояндаи синфҳои ибтидоӣ, ки ҷузъҳои раванди таълимро дар як воҳиди ягонаи муттаҳид ҳамчун системаи ягонаи муттаҳидшудаи таълим ба ҳам меорад, сатҳи зарурии салоҳияти касбии омӯзгоронро таъмин менамояд ва шахсияти омӯзгорро дар шароити марҳилаи ибтидоии фаъолияти мустақили касбӣ ташаккул медиҳад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
салоҳият, салоҳиятҳои касбӣ, маҳорати омӯзгорӣ, омилҳои ташаккули салоҳиятҳои касбӣ, фаъолияти омӯзгорӣ, муаллими синфҳои ибтидоӣ