Тозанашр
ТАШАККУЛИ САЛОҲИЯТИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОНИ ОЯНДАИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК ВА ТАЪСИРИ ОН БА РУШДИ ШАХСИЯТ ДАР ШАРОИТИ НИЗОМИ КРЕДИТИИ ТАЪЛИМ
МУАЛЛИФ: Ҳакимова Шоира Исломовна, н.и.ф., дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тољики МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба баррасии ташаккули салоҳияти касбии омӯзгорони ояндаи забон ва адабиёти тоҷик ва таъсири он ба рушди шахсият дар шароити низоми кредитии таълим ихтисос ёфтааст. Қайд мешавад, ки касби омӯзгорӣ раванди дигаргунсозанда ва идоракунанда буда, барои идора кардани ташаккул ва рушди шахсияти хонандагон омӯзгор бояд мутахассиси салоҳиятдор бошад. Дар шароити низоми кредитии таълим, ки бештар ба муҳайё намудани шароит барои ҳадди аксар фардикунонии таълим ва пурзӯр намудани нақш ва самаранокии кори мустақилонаи донишҷӯён нигаронида шудааст, ба роҳ мондан ва такмили салоҳиятҳои касбии омӯзгорони оянда бештар дар давари таҷрибаомӯзии педагогӣ тиклг фароҳам меояд.Тазаккур меравад, ки салоҳияти касбии омӯзгори ояндаи забон ва адабиёти тоҷик дар давраи таҷрибаи омӯзгорӣ бештар шакл мегирад, зеро қобилияти ҳамкории созанда бо синф ва истифода аз тамоми воситаву методҳои педагогӣ дар такмили маҷмӯи салоҳиятҳои касбии шахсияти омӯзгори оянда ташаккул меёбад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
ташаккули салоҳият, салоҳияти касбӣ, салоҳияти касбии омӯзгорони ояндаи забон ва адабиёти тоҷик, рушди шахсияти омӯзгор, низоми кредитии таълим, касби омӯзгорӣ, субъекти раванди педагогӣ