ХУСУСИЯТҲОИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР ДАР ТАКМИЛИ РАВАНДИ ДОНИШАЗХУДКУНИИ ХОНАНДАГОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Раҳмонов З.П., Ғаффорова С.П..pdf)Раҳмонов З.П., Ғаффорова С.П.ХУСУСИЯТҲОИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР ДАР ТАКМИЛИ РАВАНДИ ДОНИШАЗХУДКУНИИ ХОНАНДАГОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД 10

 


МУАЛЛИФ: Раҳмонов Зикриё Пӯлотович, н.и.п., дотсент; Ғаффорова Сурайё Пӯлотҷоновна, муаллимаи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии факултети педагогии МТД “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола хусусиятҳои технологияҳои муосири таълим дар донишазхудкунии хонандагони имконияташон маҳдуд таҳлил шудааст. Муаллиф дар чунин ақидаанд, ки ҳангоми бомақсад истифода бурдани технологияҳои муосири таълим бо хонандагони имконияташон маҳдуд дар раванди таълиму тарбия, интихоб намудани принсипу воситаҳои дидактикӣ, ташкили саривақтии корҳои ислоҳӣ имкони медиҳад, ки дар фаъолияти ва такмили донишазхудкунии онҳо пешравиҳо пайдо шаванд. Зеро ташкили дурусти таълиму тарбия ва корҳои ислоҳӣ ба хонандагони имконияташон маҳдуд имкон медиҳад, ки онҳо аз ҷиҳати равонию ҷисмонӣ ва зеҳнӣ ҳаматрафа инкишоф ёбанд. Муаллиф намудҳои технологияҳои махсуси таълим ва хусусиятҳои онҳоро доир ба инкишофи қобилияти зеҳнӣ ва донишазхудкунии хонандагони имконияташон маҳдуд ҳамчун намуна пешниҳод намуда, мавқеи ҳамкории муаллим ва нуқсоншиносонро дар ин самт муайян намудааст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

таълим, инкишоф, норасоӣ, технология, дониш, имконияти маҳдуд, корҳои ислоҳӣ, солимгардонӣ, таълими муаммовӣ, нуқсон, нуқсоншинос