Тозанашр
САЛОҲИЯТИ КОММУНИКАТСИОНИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ МАКТАБҲОИ ОЛИИ ОМӮЗГОРӢ
МУАЛЛИФ: Негматова Мунира Муҳамедовна, н.и.п., сармуаллимаи кафедраи педагогикаи умумии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ
ЧАКИДА
Мақола дар мавзуи салоҳияти коммуникатсионии хатмкунандагони мактабҳои олии омӯзгорӣ баҳс мекунад. Қайд карда мешавад, ки салоҳияти коммуникатсионӣ дар хусусиятҳои меъёрии сифатҳои фардии омӯзгор мавқеи махсусро ишғол мекунад. Аз як тараф, дар мақола сухан дар бораи салоҳияти коммуникативии касбӣ меравад, ки асоси фаъолияти педагог буда, он аз дониш, малака ва маҳорати педагогӣ иборат аст, ки раванди муоширати педагогиро дар низоми «муаллим-шогирд» амалӣ менамояд. Аз ҷониби дигар, дар шароити муосир омӯзгор бояд сифатҳои коммуникатсиониро ҳамчун як ҷузъи салоҳияти иҷтимоӣ ташаккул диҳад, зеро танҳо омӯзгоре, ки дорои зеҳни иҷтимоии рушдёфта бошад, пас метавонад мушкилоти ба миёнгузошта ва пешниҳодкардаи ҷомеа ва давлатро ҳал намояд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
салоҳияти коммуникатсионӣ, хатмкунандагон, мактабҳои олии омӯзгорӣ, сифатҳои фардии омӯзгор, фаъолияти педагогӣ, «муаллим-шогирд»