АВВАЛИН КИТОБИ ФИЗИКА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Тошхоҷаева Л.А., Умаров У.С., Ҷумъаева Т.Ҷ..pdf)Тошхоҷаева Л.А., Умаров У.С., Ҷумъаева Т.Ҷ.АВВАЛИН КИТОБИ ФИЗИКА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН12

 


МУАЛЛИФ: Тошхоҷаева Лутфӣ Акбаровна, сармуаллимаи кафедраи методикаи таълими физикаи МДТ “ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд);Умаров Умар Сулаймонович, н.и.п., дотсенти кафедраи методикаи таълими физикаи “ДДОТ ба номи С. Айнӣ”; Ҷумъаев Тӯрақул Ҷумъаевич, омӯзгори литсейи №3 барои хонандагони болаёќати ш. Душанбе (Тоҷикистон, Душанбе)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола оид мундариҷа ва аҳамияти аввалин китоби дарсии физика ба забони тоҷикӣ сухан рафтааст. Зикр гардидааст, ки китоби дарсї љузъи асосї ва њамзамон зарурии маводи маљмуии таълим аз физика мебошад, ки мазмуни маълумот ва маќсаду мароми наќшаю барномањои таълимро инъикос намуда, дар њама давру замон масъалаи тартиб додани китоби дарсии физика яке аз масъалањои муњими методикаи таълими физика ба њисоб рафта, њалли тезтару муваффаќонаро таќозо мекард. Зикр мешавад, ки аввалин китоби дарсие, ки ба забони модарии мактаббачагони тољик аз забони русї ба тољикї тарљума шуда буд ин китоби дарсии физика (муаллифонаш Косоноговњо) «Сўњбатњои ибтидої аз физика» ном дошт. Ҳарчанд ин китоб барои хонандагони русзабон навишта шуда буд, он бањри бартараф намудани он душворињое, ки њангоми шиносшавї ба њодисањои табиат дар мактабњо ба миён омада буданд, ба муњассилин ёрии калон расонд. Хулоса мешавад, ки китоби мавриди таҳлил азбаски ин китоб аввалин китоби дарсии физика дар мактабњои Тољикистон буд, ба хонандагони тољик барои ба њодисањои физикии муњити атроф шинос шудан ва онњоро фањмидан ањамияти калон пайдо кард. Баъди китоби мазкур китобҳои дарсии зиёде оид ба физика ба забони тоҷикӣ чоп гардидаанд, вале мақола китоби мавриди таҳлил чун пешоҳанги интишори донишҳои физикӣ боқӣ хоҳид монд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

китоби дарсӣ, физика, донишҳои физикӣ, механизмҳои сода, Қонуни Архимед, кашиши сатҳӣ, бухоршавӣ, ҷўшиш, миқдори гармӣ, гудохташавӣ, сахтшавӣ, ҳарорат