Тозанашр
ТАШАККУЛИ МАВҚЕИ ФАЪОЛИ МЕҲНАТӢ-ҲАЁТИИ ХОНАНДАГОН
МУАЛЛИФ: Сабурӣ Хайрулло Мирзозода, д.и.п, профессор; Раҳматуллоев Диловар Набиҷонович, унвонҷӯи кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ, МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола мубрамияти ташаккули мавқеи фаъолонаи меҳнатии хонандагон баррасӣ мегардад. Таъкид меравад, ки тарбияи меҳнатӣ, касбомузӣ ва ҳунармандӣ дар раванди тарбияи насли наврас ниҳоят зарур буда, барои тарбияи шахсияти ҳаматарафа инкишофёфта кумак менамояд. Зикр шудааст, ки меҳнат яке аз унсурҳои муҳими системаи мавқеи фаъоли ҳаётӣ ба шумор меравад Таҳсилоти касбӣ-меҳнатӣ барои омодасозии мутахассиси баландихтисос ва салоҳиятнок нигаронида шуда, танҳо дар ҳамин ҳолат метавон гуфт, ки одам-гурӯҳҳои иҷтимоӣ-ҷомеа аз лиҳози таълиму тарбия мавқеи фаъолонаи ҳаётиро ишғол карда метавонанд. Зеро ахлоқу меҳнат ин унсурҳои муҳими системаи мавқеи фаъолонаи ҳаётӣ маҳсуб меёбанд. Муаллифон таъкид менамоянд, ки зимни омодасозии хонандагон ба ишғол намудани мавқеи фаъолонаи ҳаётӣ ба инобат гирифтани принсипҳои тарбияи меҳнатӣ ва роҳу усулҳои муассири ба роҳ мондани он ниҳоят зарур аст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
ташаккул, мавқеи фаъолонаи меҳнатӣ-ҳаётӣ, меҳнатӣ, ҳаётӣ, касбӣ-меҳнатӣ, меҳнатӣ-ҳаётӣ, меҳнатомӯзӣ, касбукоромӯзӣ, ҳунаромӯзӣ, одам-гурӯҳҳои иҷтимоӣ-ҷомеа