ОСОРИ ҒИЁСУДДИНИ ҶАМШЕД КОШОНӢ – МУҲИМТАРИН САРЧАШМАИ ТАҲҚИҚИ ТАЪРИХИ РИЁЗИЁТИ АСРҲОИ МИЁНА

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Абдулакимова Ҷ.А..pdf)Абдулакимова Ҷ.А.ОСОРИ ҒИЁСУДДИНИ ҶАМШЕД КОШОНӢ – МУҲИМТАРИН САРЧАШМАИ ТАҲҚИҚИ ТАЪРИХИ РИЁЗИЁТИ АСРҲОИ МИЁНА9

 


МУАЛЛИФ: Абдулакимова Ҷанатой Абдурауфовна, н.и.п., дотсенти кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон,  Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба таҳқиқи осори Ҷамшед Ғиёсиддини Кошонӣ риёзидони машҳури асрҳои миёна бахшида шудааст. Муаллифи мақола кӯшиш ба харҷ додааст, ки саҳми Кошониро дар рушди илми риёзиёт баррасӣ намуда, осори гаронбаҳои ӯро мавриди таҳқиқ қарор диҳад. Дар мақола оид ба рисолаи Кошонӣ “Мифтоҳ-ул-ҳисоб” маълумот дода, он аз лиҳози сохтору мӯҳтаво ба таври мухтасар баррасӣ шудааст. Муаллиф қайд намудааст, ки “Мифтоҳ-ул-ҳисоб”-и Кошонӣ дороӣ вижагиҳое аст. Аз ҷумла дар китоби мавриди баррасӣ оид ба воситаҳову усули ҳисоб ва ҳисобҳои эҳтимолӣ маълумоти пурқиммат дода мешавад. Нобуғи Кошонӣ дар самт дар баёну тавзеҳи муфассали таълимот дар бораи касрҳои даҳӣ мебошад. Муаллиф оид ба нусха ва тарҷумаҳои китоби мазкур ба забонҳои дигар андешаронӣ намуда, муфид будани маълумоти рисолаи Кошониро барои пажӯҳишгарони соҳаи риёзиёт, таърих, адабиётшиносон хулосаҳои возеҳ баровардааст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

арифметика, математика, таърихи математика, ал-Кошӣ, дастхат, нусха, ҷадвалҳои астрономӣ, ҷадвалҳои тригонометрӣ, алҷабр, риёзиёт, амалҳои арифметикӣ, ададҳои бутун ва касрҳо