ДАР БОРАИ ОМӮЗИШИ БОСТОНШИНОСИИ ҚАЛЪАИ ХУҶАНД

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Бобоҷонова М.Р..pdf)Бобоҷонова М.Р.ДАР БОРАИ ОМӮЗИШИ БОСТОНШИНОСИИ ҚАЛЪАИ ХУҶАНД12

 


МУАЛЛИФ: Бобоҷонова Муаззама Раҳмадҷоновна, муаллими кафедраи археология, этнография ва диншиносии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола сухан дар бораи омӯзиши босоншиносии Қалъаи Хуҷанд меравад. Қайд мешавад, ки ҳафриёти бостоншиносӣ собит намуд, ки шаҳри Хуҷанд таърихи беш аз 2500-сола дорад. Дар тадқиқи масъалаи мазкур саҳми дастаи экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Шимолӣ бо роҳбарии Н.Н.Неъматов хеле калон аст. Натиҷаи ҳафриёт, ки аз соли 1954 то имрўз гузаронида шуд, осори асрҳои VIII-V то милодро ба даст даровард. Бостоншинсон аз худи шаҳр ва ҳамчунин масоҳати дохилии қалъа, осори сершумори давраҳои қадимро дарёфт намуданд. Бозёфтњои бостоншиносон, ки дар натиҷаи ҳафриёти Қалъаи Хуҷанд ба даст омадааст ањамияти муҳимми илмї доранд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

Қалъаи Хуҷанд, таърих, бостоншиносӣ, ҳафриёт, ёдгорӣ, бозёфт