НАҚШИ ЭКСПЕДИТСИЯҲОИ АРХЕОЛОГИИ РУСИЯИ ПОДШОҲӢ ДАР ОМӮЗИШ ВА ТАҲҚИҚИ ЁДГОРИҲОИ МЕЪМОРИИ ОСИЁИ МИЁНА (ДАР МИСОЛИ ЭКСПЕДИТСИЯИ П.И.ЛЕРХ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Исамитдинов Ж.Б.,Содиқов С.Р..pdf)Исамитдинов Ж.Б.,Содиқов С.Р.НАҚШИ ЭКСПЕДИТСИЯҲОИ АРХЕОЛОГИИ РУСИЯИ ПОДШОҲӢ ДАР ОМӮЗИШ ВА ТАҲҚИҚИ ЁДГОРИҲОИ МЕЪМОРИИ ОСИЁИ МИЁНА (ДАР МИСОЛИ ЭКСПЕДИТСИЯИ П.И.ЛЕРХ)11

 


МУАЛЛИФ: Исамитдинов Жорабек Бобобекович, н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик; Содиқов Сомон Раҳимқулович, магистранти, МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров(Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола нақши экспедитсияҳои археологии рус дар омӯзиш ва таҳқиқи ёдгориҳои меъмории Осиёи Миёна (дар мисоли экспедитсияи П.И.Лерх)таҳлил ва баррасӣ гардидааст. П.И. Лерх ба омӯзиши осори қадимӣ ва асримиёнагии Осиёи Миёна асос гузоштааст. Аз ин лиҳоз зарур шуморидем фаъолияти бостоншиносии П.И.Лерхро мавриди омӯзиш қарор диҳем. Қайд мешавад, ки Аввалин экспедитсияи археологӣ соли 1867 ба сарзамини Осиёи Миёна бо роҳбарии П.И. Лерх фиристода шудааст. Дар мақола хатсайри омӯзишии экспедитсия, таҳқиқи Ҷонқалъа (Янгикент), харобаҳои Хорхут ва Савран, Туркистон, Чимкент, Тошканд, Хуҷанд, Ӯротеппа, Ҷиззах, дараи Ҷавлон-ота, Авлиёато ва харобаҳои Аҳрор-Тош, ки аз ҷониби бостоншинос П.И.Лерх мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.Олим тавонист дар муддати панҷ моҳ хатсайри муайяншудаи экспедитсияро тай намуда, аз мавзеъҳои таърихии ҳудуди Осиёи Миёна дидан намояд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

экспедитсия, тадқиқот, олимони рус, ёдгориҳои археологӣ, П.И.Лерх, Осиёи Миёна