ҶАНБАҲОИ ТАЪРИХӢ - БАДЕӢ ВА САНЪАТШИНОСИИ ЁДГОРИҲОИ ИБТИДОИ АСРИ МИЁНАИ НАҚҚОШИҲОИ МОНУМЕНТАЛИИ ТОҶИКИСТОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Каримова Г.Б..pdf)Каримова Г.Б.ҶАНБАҲОИ ТАЪРИХӢ - БАДЕӢ ВА САНЪАТШИНОСИИ ЁДГОРИҲОИ ИБТИДОИ АСРИ МИЁНАИ НАҚҚОШИҲОИ МОНУМЕНТАЛИИ ТОҶИКИСТОН12

 


МУАЛЛИФ: Каримова Ганҷина Бахтиёровна, унвонҷӯи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ (Тоҷикистон, Душанбе)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола таҳлили осори деворнигораҳои ибтидои аввали асри миёна, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мондаанд, оварда шудааст. Ёдгориҳое, ки дар ороиши меъмории онҳо чунин мусаввараҳо ба қайд гирифта шудаанд, мазмуни ҳамбастагиҳо, номи олимоне, ки ин бозёфтҳоро таҳқиқ кардаанд, зикр карда шудааст. Бо мақсади дар наққошиҳои монументалӣ муқаррар кардани падидаҳои омезиши фарҳангҳои гуногун ин асарҳо бо ҳунари минтақаҳои ҳамсоя аз назари санъатшиносӣ муқоиса шудаанд. Натиҷаҳои таҳлили мухтасари таърихӣ - бадеӣ ва санъатшиносии наққошиҳои монументалӣ нишон медиҳанд, ки дар фарҳанги аҷдоди тоисломии халқи тоҷик ин соҳаи санъати тасвирӣ васеъ истифода мешуд ва дар сатҳи хеле баланди ҳунари бадеӣ меистод.Муаллиф хулоса баровардааст, ки дар осори наққошии монументалӣ дар намуди сужаҳо, симоҳо ва ашё маълумоти пурарзиши хусусияташ таърихӣ - фарҳангӣ сабт шудаанд, ки барои омӯзиши таърихи сиёсӣ, дину ҷаҳонбинӣ, маросиму анъанаҳо, фолклори мардумӣ, вижагиҳои ҳаёт ва хоҷагидории аҷдоди халқи тоҷик ҳамчун сарчашмаи муътамад хизмат мекунанд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

Тоҷикистон, асрҳои миёнаи бармаҳал, ороиши меъморӣ, санъати тасвирӣ, мусаввараи деворӣ, таърихнигорӣ, сарчашмаҳои омӯзишӣ