ДОИР БА МАСЪАЛАИ ПАЙДОШИШИ ҒИЛОФҲОИ АКИНАК АЗ ТАХТИ САНГИН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Хоҷаева Н.Ҷ..pdf)Хоҷаева Н.Ҷ.ДОИР БА МАСЪАЛАИ ПАЙДОШИШИ ҒИЛОФҲОИ АКИНАК АЗ ТАХТИ САНГИН15

 


МУАЛЛИФ: Хоҷаева Наргис Ҷомиевна, х.п.и. Шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Иститути таърих, бостоншиностӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ (Тоҷикистон, Душанбе)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ

ЧАКИДА

Муаллифи мақола бори дигар ба масъалаи пайдоиши ғилофи акинак, ки аз Тахти Сангин бозёфт гардидааст, муроҷиат менамояд. Дар натиҷаи таҳлили муқоисавии ранги пашм ва сохтори шохҳои оҳуи бухороӣ ва оҳуи эронӣ хулоса бароварда шудааст, ки дар минтақаи Тахти Сангин доимо оҳуи бухороӣ (cervus elaphus bactrianus) мечаридааст, ки баръакси наринаи калони оҳуи эронӣ (Dama mesopotamica), ки дар ғилофҳои тахтисангинӣ тасвир ёфтааст, дар танааш холҳоро надорад. Ҳамин тавр, таҳлили семантикии ғилофҳои тахтисангинӣ нишон дод, ки ин ашёи санъат на дар Бохтар, балки дар қаламрави Эрони Ҳахоманишӣ тайёр карда шудааст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

Тахти Сангин, маъбади Окс, ғилофи акинак, ҷои пайдоиш, сана, семантика, оҳуи эронӣ, гавазни бухороӣ, Бохтар, Эрони замони ҳахоманишиҳо