УСУЛИ НАЗОРАТИ СИФАТИ КРИСТАЛҲОИ ПИЗОЭЛЕКТРИКӢ R3Sb5O12 (R = Gd, Pr, Nd, Er)

 

МУАЛЛИФ: Умаров Мақсудҷон Файзулоевич, д.и.физ.-мат., проф. кафедраи биотиббии МТФДБ ТО “Донишгоҳи давлатии Вологда” (Русия);

Қаюмзода Абдумалик Қаюм, н.и. физ. – мат., дотсенти кафедраи методикаи таълими физикаи МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон,Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар кори мазкур усули вайроннашавандаи назорати сифати кристаллҳои пезоэлектрикии оилаи стибнитҳои R3Sb5O12 (R = Gd, Pr, Nd, Er), дар асоси чен кардани дараҷаи деполяризатсияи парокандашавии квазиэластикӣ пешниҳод карда мешавад. Усул имкон медиҳад, ки омили сифат дар ягон нуқтаи блоки пезоэлектрикй, ки танҳо бо андозаҳои шуоъҳои лазерии фокусшуда маҳдуд кард бо дақиқии 5% муайян карда шавад.

 

 ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

пезоэлектрик, омили сифат, пароканиши нури квазиэластикӣ, оксиди сурма