Тозанашр
ТАҲИЯИ БАРНОМАИ ТАЪЛИМӢ БО ИСТИФОДА АЗ ЭЛЕМЕНТҲОИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ
МУАЛЛИФ: Нурматова Фарзона Муродҷоновна, докторант(PhD)-и кафедраи информатика, техникаи ҳисоббарор ва идоракунии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(68). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола натиҷаҳои таҳияи барномаи таълимӣ бо истифода аз элементҳои зеҳни сунъӣ барои дастгирии омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ зикр шудааст. Дар рафти корҳои омодасозӣ татбиқи зеҳни сунъӣ дар марҳилаҳои гуногуни таҳияи барнома пешниҳод гардида, модели сохтории барномаи таълимӣ тавсиф шудааст. Инчунин, дар мақола интихоби воситаҳои таҳияи барномаи таълимӣ, таҳияи интерфейси истифодабаранда ва истифодаи алгоритмҳои пурқуввати зеҳни сунъӣ пешниҳод шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
зеҳни сунъӣ, барномаи омӯзишӣ, элементҳои зеҳни сунъӣ, татбиқи зеҳни сунъӣ, таҳияи барномаи омӯзишӣ, интерфейси истифодабаранда.