ТАЪСИРИ РАДИОНУКЛИДҲО БА ИРТИБОТИ МУТАҚОБИЛАИ РАДИКАЛҲОИ ФАЪОЛ ВА ГУРӮҲҲОИ ҲИДРОКСИЛӢ

 

МУАЛЛИФ:Абдуллоев Сабур Фузайлович, д.и.физ.-мат., проф. мудири лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ; Умаров Насимҷон Негматович, н.и.физ.- мат., мудири кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров”(Тоҷикистан, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар асоси усули резонанси электронию парамагнитӣ ва спектроскопияи инфрасурх, таъсири радикалҳои фаъол ба шумораи гурӯҳҳои ҳидроксилӣ дар барги кавар омӯхта шудааст. Муайян карда шуд, ки радинуклидҳо ба миқдори гурӯҳҳои ҳидроксили таъсири манфӣ мерасонанд, дар натиҷа 30 фоиз кам шудани гурӯҳҳои ҳидроксилӣ мушоҳида мешавад. Бо истифода аз натиҷаҳои таҷрибавӣ, системаи муодилаҳои Лотка-Волтер ва барномаи математикии Mathcad, таъсири мутақобилаи радикалҳои фаъол бо гурӯҳҳои гидроксил муайян карда шудааст. Мушаххас шуд, ки раванди зиёд ва кам шудани шумораи радикалҳои фаъол ва гуруҳҳои ҳидроксилӣ дар график ба лаппиши оссиллятори гармоникӣ монанд мебошад.

 

 ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

радикалҳои фаъол, гурӯҳҳои ҳидроксилӣ, пайвастагиҳои рустанигӣ, радионуклидҳо, моделиронии математикӣ