ХУСУСИЯТҲОИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ВОРИДОТИВАЗКУНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (25. Бобошоҳзода Шоҳин Мухаммадшариф.pdf)Бобошохзода Ш.М.ХУСУСИЯТҲОИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ВОРИДОТИВАЗКУНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАРОИТИ МУОСИР42

 


МУАЛЛИФ: Бобошоҳзода Ш.М.


РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(56).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

"Бо дарназардошти рушди маводи воридотивазкунанда дар асоси истифодаи ашѐи хоми худї дар мақолаҳо самтҳои ояндадори истеҳсолот таъкид гардидаанд. Муайян гаштааст, ки самтҳои самараноки воридотивазкунанда ин ташаккулѐбии саноатӣ дар заминаи захираҳои маҳаллӣ ва ашѐи хоми худї мебошад, ки ба коҳиш додани ҳиссаи маводҳо, ашѐи хом, маҳсулоти нимтайѐри воридотї дар сохтори истеҳсолӣ ва мутавозин гардонидани ҷараѐни интиқоли воридотивазкунанда шароит фароњам меоварад. Ба чунин маводе, ки барои истеҳсоли маҳсулоти воридотї муфид истифода мешаванд, инҳо дохил мешаванд: маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, ки дар маҳсулоти онҳо дар заминҳои кишоварзии ватанї истеҳсол мешаванд; маҳсулоти саноати коғаз ва коғазбарорї (картон, когази рӯзнома ва коғази корӣ), маснуоти сангї, семент, пластикӣ, сафолак ва шиша; маҳсулоти саноати сабук, аз он ҷумла матоъ ва пӯст ва маҳсулоти химиявӣ Рушди маводи воридотивазкунанда имкон медињад, ки сохтори саноатро дар самти афзоиши ҳиссаи соҳаҳои истеҳсолоти пешрафта ва истеъмоли ниҳоӣ бо арзиши иловашудаи баланд арзѐбӣ намоем. Ташаккули сохтори самараноки истеҳсолӣ ба тавозуни гардиши молҳои воридотӣ-содиротӣ мусоидат мекунад."

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

ивазкунандаи воридот, воридот, содирот, иқтисоди кушод, рушди бозор, маҳсулоти молӣ, иқтисоди байналхалқӣ.