ТАҲЛИЛИ НАҚШИ ТАВАРРУМ ДАР РАВАНДИ ГУЗАРОНИДАНИ АМАЛИЁТИ КРЕДИТИИ БОНКӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (24. Шарипов Абдураҳим Қодирович.pdf)Шарипов А.Қ., Мамадхӯҷаева М.Н.ТАҲЛИЛИ НАҚШИ ТАВАРРУМ ДАР РАВАНДИ ГУЗАРОНИДАНИ АМАЛИЁТИ КРЕДИТИИ БОНКӢ45

 


МУАЛЛИФОН: Шарипов А.Қ., Мамадхӯҷаева М.Н.


РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(56).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Таваррум – ин яке аз нишондиҳандаҳои муҳимтарини амалиѐти молиявӣ ба ҳисоб меравад, бинобар ин баинобатгирии он дар амалиѐти молиявӣ зарур аст. Ҳангоми таҳлили нишондиҳандаҳои молиявӣ мо бояд нишондиҳандаҳои номиналӣ ва воқеъиро фарқ карда тавонем, дар нишондиҳандаҳои номиналӣ таваррум ба инобат гирифта нашуда, дар нишондиҳандаҳои воқеъӣ бошад, ин омил ба инобат гирифта мешавад. Дар аксарияти ҳолатҳо дар раванди таҳлили масъалаҳои молиявӣ тадқиқотчиѐн ба масъалаи баинобатгирии омили таваррум таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд, ки ин ба фикри мо хато аст, чунки таваррум таъсири худро ба натиҷаҳои ҳосилшуда мерасонад. Амалиѐти кредитии бонкӣ ҳамчун яке аз намунаҳои амалиѐти молиявӣ ба ҳисоб меравад. Мақолаи мазкур маҳз ба таҳлили гузаронидани амалиѐти кредитии бонкӣ бо баинобатгирии омили таваррум дар мисоли ташкилотии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Методикаи муайянкунии таъсири таваррум ба натиҷаҳои амалиѐти кредитии бонкӣ пешниҳод карда шудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

таваррум, мизони фоизӣ, нишондиҳандаҳои номиналӣ ва воқеъӣ, амалиѐти кредитии бонкӣ.