Рӯйхат 2023
МУЛОҲИЗАҲО ДАР БОРАИ ЯК НУСХАИ ХАТТИИ ДЕВОНИ КАЛИМИ КОШОНӢ
МУАЛЛИФ: Шукурова Зайнура Турсуновна, докторанти PhD-и Маркази илмии Хуҷандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола аз як нусхаи нодири хаттии девони Калими Кошонӣ маҳфуз дар китобхонаи Худобахши Патна таҳти шумораи №315 сухан меравад, ки новобаста аз матни комил ва аз камбудиҳо орӣ набуданаш аз ҷумлаи яке аз нусхаҳои куҳани девони ашъори шоир ба ҳисоб меравад. Тазаккур меравад, ки ин нусха барои тасҳеҳи матни илмию-интиқодии девони шоир мувофиқи мақсад мебошад. Нишон дода мешавад, ки таъкиди китобат шудани девон дар асри ХVII дар баргаи аввали нусха аз сӯйи масъулини китобхонаи Худобахши Патна низ ишора ба нусхаи наздик ба замони зиндагонии шоир будани он дорад. Қайд мешавад, ки китобати ин девон дар қаламрави Ҳинд низ ба арзиши муҳими нусха ишора менамояд. Хулоса мешавад, ки бахши муҳимми зиндагӣ ва эҷодиёти шоир дар сарзамини Ҳинд гузашта барои дар ин ҷо падид омадани девони мазкур замина гардида, нусхаҳои дар ин сарзамин китобатшуда бештар бо сабаби қаробат ба замону муҳити рӯзгору эҷодиёти шоир аҳаммияти бештар касб мекунанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Калими Кошонӣ, ғазал, девон, куллиёт, нусхаҳои хаттӣ, матн, матншиносӣ