МУСИЌИИ ШЕЪРИ ГУЛРУХСОР

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Қавизода А..pdf)Қавизода А.МУСИҚИИ ШЕЪРИ ГУЛРУХСОР51

 


МУАЛЛИФ: Ќавизода Аниса, докторанти PhD  кафедраи адабиёти муосири тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ѓафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Маќола ба  тањќиќи ѓазалиёти Гулрухсор ихтисос ёфта, дар он наќши унсурњои муњими оњангсоз, аз ќабили вазн, ќофия ва радиф, санъатњои бадеї  муайян гардидаанд. Маълум мешавад, ки аз миёни 14 бањри арўзи аљам ашъори Гулрухсор дар 8 бањри арўзї ва зиёда аз 40 вазни гуногуни бањрњои њазаљ, рамал, раљаз, музореъ, хафиф, муљтасс, муќтазаб ва мунсарењ эљод шудааст. Муаллиф нишон додааст, ки аз 134 ѓазали муштамил бар “Девон” ќариб 20 дар сади  онро вазни   рамали мусаммани мањзуф ташкил медињад ва истифодаи вазни мазкур боиси хушоњангии каломи Гулрухсор гардидааст. Ба андешаи муаллиф, ќофия ва радиф низ аз омилњои муњими оњангсоз дар шеъри Гулрухсор буда, дар таъмини хушоњангии калом наќши муассир доранд. Санъатњои бадеии такрор, таљнис, садомаъної, акс низ њамчун унсури муњим дар нерумандии савтиёти ашъори Гулрухсор хидмат намудаанд. Муаллиф ба хулосае мерасад, ки сабаби хушоњангии  шеъри Гулрухсор истифода аз авзони хушоянди арўзї, анвои гуногуни ќофия ва радиф ва санооти зиёди лафзї буда, истифодаи унсурњои мазкур  ба шоир имкон фароњам овардаанд, то  љанбањои њунарии шеърашро таќвият бахшад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

Гулрухсор,  ќофия, радиф, саноеи лафзї, мусиќї,  бањр,  вазн, ѓазал, рамал, њазаљ