дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

ВЕЖАГИҲОИ УСЛУБӢ ВА БАДЕИИ «МИРСОД-УЛ-ИБОД»-И НАҶМИДДИНИ РОЗӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Содиқова Р.А..pdf)Содиқова Р.А.ВЕЖАГИҲОИ УСЛУБӢ ВА БАДЕИИ «МИРСОД-УЛ-ИБОД»-И НАҶМИДДИНИ РОЗӢ7

 


МУАЛЛИФ: Содиқова Рухангез  Абдусамадовна, н.и.ф., дотсенти кафедраи забони англисии МДТ “ДДХ  ба номи акад. Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола доир ба вижагиҳои услубӣ ва бадеии «Мирсод-ул-ибод»-и Наҷмиддини Розӣ сухан меравад ва  қайд мегардад, ки  он яке аз писандидатарин осори мансури ирфонии адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ ба шумор рафта, дар асри сездаҳуми мелодӣ ё ба таъбири дигар дар даврони ҳамлаи муғул таълиф шудааст.Китоби Наҷмиддини Розӣ мисли ҳамаи  осори мутасаввифа доман аз шеваи сухани марсум, яъне расмшудаи аср дар мекашад ва ба силсилаи сухани орифони пешин дар меовезад. Шеваи сухани Наҷмиддини Розӣ шеваи воизу маҷлисгўёни қарни шашум ва ҳафтум (дувоздаҳ ва сездаҳуми мелодӣ) аст ва аз назари  тарҳи матлаб ва навъи далел овардан бо осори Мансури Ибодӣ, Маҷлиси Шаҳристонӣ, «Фиҳӣ мо фиҳӣ» - и Мавлоно ва «Маориф» - и Баҳоувалад  монандӣ дорад. Ин шева бо завқи тасаввуфӣ ҳарчи бештар даромехта ва аз осори орифони маъруфи он аср моя гирифта ва мактаби хосе падид овардааст ва инчунин сабки сухани нависанда бо осори шоирону адибоне пас аз худ аллакай дар чандин пажўҳишоти ҷудогона таҷассум ёфтааст, ки  мақоми ин асари безавол дар адабиёти форсу тоҷик ба таври намоён ба мушоҳида мерасад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

Мирсод -ул-ибод, Наљмиддини Розӣ, тасаввуф, муқоиса, санъатҳои бадеӣ