ПАЙДОИШИ ЖАНРИ “МАҚОМА” ВА САЙРИ ТАКОМУЛИ ОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Рашидова Д.А..pdf)Рашидова Д.А.ПАЙДОИШИ ЖАНРИ “МАҚОМА” ВА САЙРИ ТАКОМУЛИ ОН28

 


МУАЛЛИФ: Рашидова Дилафрӯз Абдуқайюмовна, н.и.ф., мудири кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқи МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақолаи мазкур оид ба омӯзиши нақш ва мақоми Бадеуззамони Ҳамадонӣ дар ташаккули жанри мақомаи адабиёти арабу Аҷам бахшида шудааст. Муаллиф нахуст ба шарҳи истилоҳӣ ва луғавии мафҳуми мақома пардохта, сипас барои муайян намудани ҷойгоҳи Бадеуззамони Ҳамадонӣ ҳамчун асосгузори ин навъи адабӣ баҳсҳои мустанади илмӣ оростааст. Бо такя ба маводи сарчашмаҳои дасти аввал ва пажӯҳишҳои муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ муҳаққиқ Бадеуззамони Ҳамадониро ҳамчун аввалин нависандаи мақома муқаррар намуда, пайравони ӯро дар адабиёти арабу Аҷам ва равишҳои истиқболи ононро аз мақомоти Ҳамадонӣ мушаххас кардааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

Ташаккули жанри мақома, Бадеъуззамони Њамадонї, адабиёти арабизабони форсу тољик, пайравони жанри мақола