ВИЖАГИҲОИ ШАРҲҲОИ АБУЛБАҚО УКБАРӢ ВА САЛОҲУДДИН САФАДӢ БА «ЛАМИЯТ-УЛ-АҶАМ»-И ТУҒРОИИ ИСФАҲОНӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Тураева Г.Б..pdf)Тураева Г.Б.ВИЖАГИҲОИ ШАРҲҲОИ АБУЛБАҚО УКБАРӢ ВА САЛОҲУДДИН САФАДӢ БА «ЛАМИЯТ-УЛ-АҶАМ»-И ТУҒРОИИ ИСФАҲОНӢ34

 


МУАЛЛИФ: Тӯраева Гулорохон Бурҳоновна, н.и.ф., мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойии факултети забонҳои шарқи МДТ «ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров», (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ

ЧАКИДА

Мақолаи мазкур шарҳҳои Абулбақо Укбари ва Салоҳуддин Сафадиро, ки ба қасидаи «Ломият-ул-Аҷам»-и Туғроии Исфаҳонӣ нигошта шудаанд, мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ду шарҳи мазкур ба сифати мавзӯи таҳқиқ бинобар қадимтарин ва машҳуртарин буданашон интихоб гардидаанд. Шарҳи дувумин «Ал-ғайс-ул-мусаҷҷам фи шарҳ «Ломият-ул-аҷам» аз маъруфтарин шарҳҳо ба қасидаи мазкур ба ҳисоб рафта, ба он асрҳои минбаъда бисёр шарҳу тақризҳо офарида шудаанд. Дар ҷараёни таҳлили ду шарҳ хусусиятҳои фарқкунанда, мавзӯъ ва муҳтаво, шабоҳат ва тафовути онҳо муайян гардиданд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

қасида, шарҳ, таҳлил, «Ламият-ул-Аҷам», Туғроии Исфаҳонӣ, арзиши адабӣ