МЕРОСИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХИИ ШАФИҚИ АВРАНГОБОДӢ ДАР АДАБИЁТИ ФОРСИЗАБОНИ ҲИНДУСТОН ДАР АСРИ XVIII

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Шамсиддинова Н.Р..pdf)Шамсиддинова Н.Р.МЕРОСИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХИИ ШАФИҚИ АВРАНГОБОДӢ ДАР АДАБИЁТИ ФОРСИЗАБОНИ ҲИНДУСТОН ДАР АСРИ XVIII45

 


МУАЛЛИФ: Шамсиддинова Назира Раҳимовна, н.и.ф., дотсенти кафедраи забони англисӣ, факултети забонҳои шарқи МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ

ЧАКИДА

Мақолаи илмӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси Шафиқ Аврангободӣ, шоир, тазкиранигор ва муаррихи асри XVIII адабиёти форсии Ҳиндустон бахшида шудааст. Гуфта мешавад, ки осори шоир аз рӯи самтҳои адабиётшиносӣ, таълимӣ ва таърихӣ таснифот шудааст. Бояд гуфт, ки Шафиқ Аврангободӣ се тезкира эҷод кардааст: «Чаманистони шуаро», «Гули раъно» ва «Шоми ғарибон» дар адабиётшиносӣ бемисл буда, арзиши муҳими адабӣ дорад. Дар натиҷаи таҳқиқоти осори адабӣ, илмӣ ва таърихӣ маълум гардид, ки Шафиқ Аврангободӣ аз худ мероси бойи адабӣ ва илмӣ гузоштааст, ки омузиши он то имрӯз аз таваҷҷӯҳи муҳаққиқон дур мондааст. Хулоса мешавад, ки осори Шафиқи Аврангободӣ мавзўи гуногунҷабҳа дошта, пањлўњои нави адабиёту фарњанги форсу тољикро дар Њиндустон боз мекунад. Дар бораи дастхатҳои ашъори мунтахаби шоир, тазкираҳо ва китобҳои таърихии ӯ маълумоти пурра дода мешавад. Хамчунин, мероси таърихии ӯ дар тасвири воқеа ва зиндагинома аҳамияти бузурги адабию таърихӣ дорад. Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки китобҳои таърихии ӯ дар даврони рушди забони урду ва аз байн рафтани мақоми забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф шудаанд, вале ӯ асарҳои таърихиро ба забони форсӣ-тоҷикӣ гузоштааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

Шафиқ  Аврангободӣ,  мероси адабӣ, тазкираҳои  ва “Шоми гарибон” ва «Гули ра’но», адабиёти форсизабони Ҳиндустон