ТАЪСИРИ АНДЕШАҲОИ ХАЙЁМ БАР ҒАЗАЛИЁТИ САЪДӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Азизов С.С..pdf)Азизов С.С.ТАЪСИРИ АНДЕШАҲОИ ХАЙЁМ БАР ҒАЗАЛИЁТИ САЪДӢ35

 


МУАЛЛИФ: Азизов Сорбон Садуллоевич, н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола таъсири андешаҳои фалсафии Умари Хайём ба ғазалиёти Саъдии Шерозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Зимни баррасии масъалаи мазкур муаллиф қайд мекунад, ки дар баробари баёни мавзӯҳои ишқи заминию ирфонӣ дар ғазалиёти Саъди андешаҳои хайёмона ба мушоҳида мерасад. Бо овардани мисолҳо аз рубоиёти Хайём ва ғазалиёти Саъдӣ таъсири андешаҳои фалсафии Хайёмро ба ғазалиёти Саъдӣ дар бахшҳои  “пас аз марг хишту кӯза сохтан аз гили инсон”, ғанимат донистани фурсати имрӯз ва шод зистан”, “нотавонии инсон дар баробари қазову қадар мавриди таҳлил қарор додааст. Натиҷаи таҳқиқи мавзӯъ нишон медиҳад, ки таъсири фалсафаи хайёмона дар осори Саъдӣ, махсусан ғазалиёти ӯ ба рӯшанӣ мушоҳида мешавад. Ҳарчанд сабки баёни ин ду шоир дар масъалаи мавриди таҳлил тафовут дорад, зеро тарзи гуфтори Хайём дар руҳияи фалсафӣ бо диди интиқодӣ ва шакку тардид ба қазову қадар ва яъсу ноумедӣ ба поёни зиндагии инсон аст. Вале Саъдӣ ҳамин андешаҳои Хайёмро дар хусуси маргу зиндагӣ ва қазову қадару поёни зиндагии инсон бо лаҳне латифу завқу шӯр дар руҳияи ошиқона сурудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

Хайём, Саъдии Шерозӣ, таъсирпазирӣ, рубоӣ, ғазал, андешаҳои фалсафӣ, кӯза, гил, ғанимат донистани умр, қазову қадар