МУҲИМТАРИН МАСЪАЛАҲОИ АХЛОҚИ ФАРДӢ ВА ИҶТИМОӢ ДАР «ЁДДОШТҲО»-И САДРИДДИН АЙНӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Мавлонова М.Ҷ..pdf)Мавлонова М.Ҷ.МУҲИМТАРИН МАСЪАЛАҲОИ АХЛОҚИ ФАРДӢ ВА ИҶТИМОӢ ДАР «ЁДДОШТҲО»-И САДРИДДИН АЙНӢ28

 


МУАЛЛИФ: Мавлонова  Мутриба  Ҷӯраевна,  номзади илмҳои  филология,  дотсенти  кафедраи адабиёти  муосири  тоҷики    МДТ  «ДДХ  ба номи акад.Б. Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола ҷанбаҳои ахлоқии «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст. Муаллиф қайд мекунад, ки нависанда дар баробари тасвири муҳимтарин воқеаву ҳодисаҳои рӯзгори хеш ва ҳамзамононаш масоили ахлоқи фардь ва иҷтимоии мардуми Бухороро дар поёни садаи Х1Х ва ибтидои садаи ХХ инъикос намудааст. Мавсуф муайян кардааст, ки Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо» олами маънавии персонажҳо ва роҳҳои ташаккули сифатҳои ахлоқи миллиро ба таҳқиқи бадеӣ гирифта, сабабҳои футур рафтани ахлоқи ҳамзамононро дақиқ кардааст. Таҳлилҳои ҷиддии ахлоқӣ бо мисолҳои мушаххаси ҳаёти ҳамзамонон сурат гирифта, таблиғии ахлоқи ҳасана низ эҳсос мешавад, ки ин навъи тасвиру масъалагузорӣ ва таҳлилу хулосабарорӣ ҳадафу моҳияти навиштаҳои адибро муайян менамояд.  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

«Ёддоштҳо», устод Айнӣ, асар, нависанда, қаҳрамон, таҳқиқ, ҷомеа, воқеа, мусбат, манфӣ, рӯзгор, масъалаҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ, ҳамзамонон, таҳлил, муҳим