РУБОӢ ДАР ТАРКИБУ СУЖЕТИ “ҶАМШЕД ВА ХУРШЕД”-И САЛМОНИ СОВАҶӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Тоҷибоев Ш.Ғ..pdf)Тоҷибоев Ш.Ғ.РУБОӢ ДАР ТАРКИБУ СУЖЕТИ “ҶАМШЕД ВА ХУРШЕД”-И САЛМОНИ СОВАҶӢ33

 


МУАЛЛИФ: Тоҷибоев Шарифҷон Ғайбуллоевич,н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров»(Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии истифодаи рубоӣ дар достони Ҷамшед ва Хуршед”-и Салмони Соваҷӣ ихтисос ёфтааст. Таъкид мегардад, ки Салмони Соваҷӣ дар таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ аввалин шоирест, ки рубоиро чун унсури ёридиҳанда ва ҷузъи муҳимми ифодаву баён дар таркиби маснавӣ истифода кардааст. Собит мешавад, ки дар маснавии “Ҷамшед ва Хуршед” ҳаждаҳ рубоӣ омадааст, ки ҳар кадоме аз онҳо дар таркиби асар вазифаи муайяни услубӣ, образофаринӣ, ғоявӣ ва зебоишинохтиро иҷро мекунанд. Рубоиҳо дар Ҷамшед ва Хуршед” аз назари мазмун ба хатти сужаи достон алоқаманд буда, баёнгари вазъи қаҳрамони эпикӣ ва ифодагари эҳсосоти ошиқона буда, барои ҳамаҷониба ошкор сохтани олами ботинӣ, вазъи равонӣ ва зеҳнии ӯ кӯмак намудаанд. Дар достон рубоиҳое, ки тавассути қаҳрамонони асосии асар хонда мешаванд, ағлаб бо асбоби мусиқӣ, аз қабили арғунун, чанг, камонча, сим, соз ва ғ. ҳамроҳ аст. Қайд мешавад, ки вуруди рубоӣ дар таркиби жанри достон аз намунаҳои омезиши жанрҳо дар назми классикии тоҷикӣ ба ҳисоб меравад. Аммо ин гуна талошҳо ҷузъӣ буда, минбаъд монанди истифодаи ғазал дар маснавӣ тавсеа пайдо накардааст, бинобар ин дар қуруни баъдӣ наметавон маснавиеро дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ дарёфт, ки дар он аз рубоӣ истифода шуда бошад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

Салмони Соваҷӣ, маснавӣ, рубоӣ, “Ҷамшед ва Хуршед”,омезиши жанрҳо, вазн