САҲМИ АКАДЕМИК РАҶАБ АМОНОВ ДАР ОМӮЗИШУ ТАДҚИҚИ ФОЛКЛОР ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Файзуллоев Н. .pdf)Файзуллоев Н. САҲМИ АКАДЕМИК РАҶАБ АМОНОВ ДАР ОМӮЗИШУ ТАДҚИҚИ ФОЛКЛОР ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 41

 


МУАЛЛИФ: Файзуллоев Неъматҷон,  н.и.ф., профессори кафедраи  адабиёти  муосири  тоҷики МДТ  “ДДХ  ба  номи  акад.Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд) 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба омӯзиш ва тадқиқи фаъолияти густардаи  илмию адабии донишманди маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, академики АИ Тоҷикистон, профессор Раҷаб Амонов бахшида шудааст. Дар он дар заминаи таҳлили маводи фаровон саҳми ин олими сермаҳсул дар ҷамъоварӣ, нашр ва пажӯҳиши эҷодиёти лафзии халқ мавриди арзёбӣ қарор гирифта, нақши мунири ӯ дар ташаккул ва рушди илми фолклоршиносии тоҷик собит гардидааст. Ҳамзамон ба фаъолияти адабиётшиносии эшон эътибор зоҳир гардида, як идда рисола ва маҷмӯаҳои мақолаҳои ба адабиёти хаттӣ ва хоса, ба таърихи адабиёти бачагон бахшидааш, аз нигоҳи илмӣ баррасӣ гардида, саҳми муаллиф дар ин ҷода муайян шудааст. Дар анҷом оид ба осори бадеии нависанда, ки аз повесту қиссаҳо, очерку ҳикояҳо ва дигар жанрҳои адабӣ фароҳам омадааст, маълумот дода шудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

Раҷаб Амонов, адабиётшинос, фолклоршинос,  эҷодиёти лафзии халқ, фолклори тоҷик,   очерки илмию бадеӣ