Рӯйхат 2023
ТАТБИЌИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ЗИМНИ ТАЪЛИМИ КАЛИМА ВА ВОҲИДҲОИ ФРАЗЕОЛОГӢ
МУАЛЛИФ: Ҳомидова Наргис Раҳмоновна, муаллими кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба баррасии масъалаи татбиқи муносибати босалоҳият ҳини таълими калима ва воҳидҳои фразеологӣ дар дарсҳои забони тоҷикии мактабҳои миёна бахшида шудааст. Таъкид мешавад, ки муносибати босалоҳият ба омӯзиш ва равишҳои фаъоли таълим, баҳри баланд бардоштани тафаккури эҷодӣ ва таҳлилӣ, масъулиятшиносӣ, фаъолнокӣ, ҳавасмандкунии хонандагон заминаи устувор мегузорад. Вижагии аслии муносибати босалоҳият ба таълим дар он зоҳир мешавад, ки он ҳамчун маҷмуи ягонаи истифодаи дониш, малака ва маҳоратҳо фаҳмида мешавад.Нишон дода мешавад, ки истифодаи муносибати босалоҳият ҳангоми омӯзиши калима ва фразеология барои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, инкишоф додани ҳусни баён, мусаллаҳ намудани асосҳои дониш дар бораи калима ва маънои он, рушди малака ва маҳорати нутқи талабагон мусоидат мекунад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
хонандагон, калима,фразеология, қобилият, забони тољикї, муносибати босалоњият, грамматика