Рӯйхат 2023
АСОСҲОИ НАЗАРИЯВИИ ТАШАККУЛИ АРЗИШҲОИ ШАҲРВАНДӢ-ВАТАНДӮСТИИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ
МУАЛЛИФ: Рустамзода Сӯҳроб Ҳаким, унвонҷӯйи кафедраи педагогикаи умумии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба баррасии масъалаҳои асосҳои назариявии ташаккули арзишҳои шаҳрвандӣ-ватандӯстии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бахшида шудааст. Муаллиф таъкид кардааст, ки ташаккул додани ҳисси ватандӯстӣ, интернационализм ва ҳавасмандӣ ба ҳифзи Ватан дар байни ҷавонон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад ва ҳодисаҳои таърихие, ки дар ҷаҳон ба вуқуъ меоянд, аҳамияти тарбияи ватандӯстиро барои рушди босуботи ҷомеа ва аз ҷумла барои рушди шахсиятро исбот мекунанд. Дурустии ин андешаро тавассути таҳлили адабиёти махсуси психологию педагогӣ, асарҳои илмии соҳаи фалсафа, сотсиология, таърих санҷидан мумкин аст.Муаллифи мақола изҳор карддааст, ки дар шуури хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бояд ҷаҳонбинӣ ташаккул ёбад, ки дар он фикру зикр дар бораи Ватани бузурги худ унсури асосӣ мебошад. Ба хонандагон лозим аст хотиррасон карда шавад, ки мамлакат чи гуна роҳи пуршараф ва душворро тай кардааст, ниёгони куҳансоли онҳо чи корҳои бузургеро анчом додаанд, то ки дар шуури ҷавонон дастурҳои устувори ахлоқӣ таҷассум ёбад. Барои ин аз тамоми воситаҳои мавҷудаи муассисаҳои таҳсилотӣ истифода намуда, кори максаднокро оид ба тарбияи ватандӯстии насли наврас ташкил кардан лозим аст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
асосҳои маънавию таърихӣ, тарбияи шаҳрвандӣ ва ватандўстӣ, ҳисси ватандўстӣ, сарватҳои фарҳангӣ ва моддӣ анъанаҳои мардумӣ, муоширати байни миллатҳо, унсурҳои асосӣ, насли наврас, арзиши маънавӣ аҳамияти тарбиявӣ