ПРОБЛЕМАҲОИ ВОРИДШАВИИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН БА НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ АВРУПОӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Бобоҷонова М.Ю..pdf)Бобоҷонова М.Ю.ПРОБЛЕМАҲОИ ВОРИДШАВИИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН БА НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ АВРУПОӢ51

 


МУАЛЛИФ: Бобоҷонова Мунира Юсуфҷоновна, унвонҷӯи кафедраи методикаи таълими забони англисии факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқи  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (Тоҷикистон, Душанбе)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола аҳамияти педагогӣ дошта дар он оид ба проблемаҳои воридшавии маорифи Тоҷикистон ба низоми таҳсилоти аврупоӣ сухан рафтааст. Муаллиф бо истифода аз сарчашмаҳои илмӣ масъалаи мазкурро мариди баррасӣ қарор дода қайд намудааст, ки дар охири садаи бистум дар ҷаҳон як раванди нави махсуси рушди инсоният муқаррар гардид, ки он дар адабиёти илмӣ таҳти истилоҳи «ҷаҳонишавӣ» ё «глобализатсия» сабт шудааст. Ҷаҳонишавӣ хусусияти асосии низоми ҷаҳонии муосирро касб намуда, ба яке аз қувваҳои таъсирбахш табдил ёфт, ки ҷараёни минбаъдаи таърихи инсониятро пешгӯӣ мекунад. Мавҷудияти худро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият: дар иқтисодиёт, сиёсат, иҷтимоиёт, маориф, фарҳанг, экология, амният ва ғайра нишон додааст. Муаллиф ҳадафи асосии ҷорӣ намудани низоми кредитии таҳсилро дар низоми маорифи Тоҷикистон баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ҷавони соҳибихтисос медонад, ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ бошанд. Бояд қайд намуд, ки дар мақола низоми кредитии таълим маъмултарин модели таҳсил дар ҷаҳон дониста шуда, муаллиф онро ба низомҳои таълимии Аврупо ва ИМА мутобиқ медонад. Ва илова менамояд, ки низоми маорифи Тоҷикистон ҳанӯз дар марҳилаи ташаккули ин модел дар кишвар қарор дорад. Аз ин лиҳоз, дар Тоҷикистон масъалаи ҳамгироии мутобиқи низоми таҳсилоти кредитӣ бо низоми таҳсилоти миллӣ муҳим ба шумор меравад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

проблема, маориф, Тоҷикистон, низом, таҳсилоти аврупоӣ, кредит, модели таҳсил, магистратура, мактаби олӣ