ОИД БА БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОНИ ОЯНДА

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Абдувоҳидова Т.Н.pdf)Абдувоҳидова Т.НОИД БА БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОНИ ОЯНДА36

 


МУАЛЛИФ: Абдувоҳидова Таҳмина Неъматҷоновна, унвонҷӯи кафедраи педагогикаи умумии  МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров»(Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Баланд бардоштани сифати таҳсилот умуман ва таҳсилоти касбӣ аз ҷумла аз баланд бардоштани сифати воситаҳои таълим низ вобаста аст. Зеро дар системаи «мақсад - восита - натиҷа» унсури восита на танҳо ҳамчун унсури марказӣ, балки боз чун унсури муайянкунанда мавриди назар мегардад. Барои ҳамин ҳам баланд бардоштани сифати воситаҳои таълим барои ноил гардидан ба мақсади таълим ва ба даст овардани натиҷаи дилхоҳи таълим мусоидат хоҳад намуд.Яке аз роҳҳои баланд бардоштани сифати воситаҳои таълим ин риоя намудани банақшагирӣ, коркард ва оиояи воситаҳои таълим мебошад, зеро агар ин ягонагӣ вайрон гардад, ин боиси коста гардидан сифати воситаҳои таълим мешавад, ки ин нисбат ба сифати таълим низ таъсири манфӣ мерасонад. Барои ҳамин ҳам зимни таҳияи воситаҳои таълим ва дар раванди таълими фанҳои забонӣ риояи намудан ба принсипҳои баҳисобгирии тахассуси омӯзгорони оянда ва алоқамандии таълими фанҳои забон бо таълими фанҳои тахассусӣ шарт ва зарур аст, ки аз ин баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ ва баланд бардоштани сифати мутахассисони ояндаи омӯзгорӣ умуман вобастагии калон дорад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

сифати таҳсилот, сифати таълим,  омодасозии омӯзгорони оянда,  принсипи баҳисобгирии тахассуси омӯзгорони оянда, принсипи алоқаи таълими фанҳои забон бо фанҳои тахассусӣ,   алоқамандии мақсад, восита, натиҷа