Рӯйхат 2023
МОҲИЯТ ВА МУНДАРИҶАИ ТЕХНОЛОГИЯИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САМАРАНОКИИ ТАШАККУЛИ ТАРЗИ СОЛИМИ ҲАЁТИ МАКТАББАЧАГОН
МУАЛЛИФ: Каримова Замира Абдуѓафуровна, унвонҷўи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ѓафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Масъалаҳои амалигардонии технологияи баланд бардоштани самаранокии ташаккули тарзи солими ҳаёти мактаббачагон, таҳлили моҳият ва мундариҷаи он баррасӣ гардидааст. Ќайд шудааст, ки дар марҳалаи муосир таваҷҷуҳи љомеа бояд ба ташаккулу ташвиќи воситаҳои тарзи солими ҳаёт равона гардад, ки бештар на ба омилҳои тиббї, балки фарҳангї, иљтимоӣ ва экологї асос меёбанд. Наќши муњимро дар ин раванд бояд муассисаҳои таълимїӣбояд иҷро кунанд. Саломатӣ дар низоми тањсилот њамчун маќсад, мундариҷа ва натиҷаи раванди педагогӣ баррасї карда шавад. Аз ин лиҳоз, дар маќола оиди технологияи самараноки ташаккули тарзи солими ҳаёт маълумот дода шуда, ќайд шудааст, ки натиҷаҳои озмоиши муќарраркунанда дар тарњрезии барномаи маќсадноки озмоиши ташаккулдиҳанда ҳамчун нуќтаи ибтидоӣ хизмат карданд, ки ба ташаккули тарзи солими ҳаёт дар мактаббачагон равона гардидааст. Бинобар ин, маќсади асосии озмоиши ташаккулдињанда аз санҷидани методикаи коркардшуда ва натиљабахшии он иборат буд.Хулоса карда шудааст, ки бо назардошти ин маќсад вазифањои зерини озмоиши ташаккулдиҳанда дар асоси барномаи «Мо тарафдори тарзи солими ҳаёт» муайян карда шуданд: коркард ва ҷорӣ намудани низоми тадбирҳо, ошкор кардани шаклу методҳои самараноки ташаккули тарзи солими ҳаёти мактаббачагон; муайян намудани сатҳи ташаккули тарзи солими ҳаёти мактаббачагон баъди озмоиши ташаккулдиҳанда якҷоя бо ошкор кардани динамикаи сатњи ташаккули тарзи солими њаёти мактаббачагон.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
тарзи солими ҳаёт, ташаккул, рушд, мактаббачагон, омузгор, кудаки солим, муҳити солим, бозиҳои миллӣ, адабиети даҳонии халқ,технологияи педагогӣ