Рӯйхат 2023
ТАШХИСИ ПЕДАГОГИИ ЗЕҲНИ ИҶТИМОИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ
МУАЛЛИФ: Мирамонзода Раҳимбердӣ, докторанти (PhD) курси сеюми ихтисоси педагогика ва психологияи МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ
ЧАКИДА
Меъёрҳои баҳодиҳии зеҳни иҷтимоии хонандагони синфҳои ибтидоӣ баррасӣ карда мешаванд. Азбаски усулҳо ва технологияҳои ин арзёбӣ аз ҷониби олимони кишварҳои гуногун, ки дар мактабҳои гуногуни илмӣ амал мекунанд, фаъолона таҳия карда шудаанд, муаллиф кӯшиш кардааст, ки натиҷаҳои корҳои онҳоро, ки дар фаъолияти амалии равоншиносону омӯзгорон ва таҷрибаи таълимӣ васеъ истифода мешаванд, пешниҳод намояд. Ҳамчунин дар мақола муаллиф назарияҳоеро баррасӣ мекунад, ки онҳо ба мо имкон медиҳанд, ба хулоса рем, ки истифодаи як нишондиҳандаи зеҳн барои арзёбии қобилиятҳои равонии шахс нодуруст аст. Дар мақола натиҷаҳои илмие, ки дар амалияҳои гуногуни таълимӣ истифода мешаванд, оварда шудаанд, ки, маҷмӯи васеи воситаҳои заруриро барои омӯзиш ва арзёбии зеҳни иҷтимоӣ тавсиф мекунанд. Муаллиф дар асоси мушоҳидаҳои худ чунин мешуморад, ки чунин хислатҳои бача, ба монанди муқобилият ба стресс ва қобилияти тафаккури мантиқй дар вазъиятҳои душвор дар сурате равшан зоҳир мешаванд, ки ин гуна вазифаҳо дар ҷараёни иштирок дар озмунҳои гуногун ба бачагон пешниҳод карда шаванд. Дар хотима муаллиф таъкид мекунад, ки барои дарки ҳамаҷониба дар бораи хусусиятҳои инкишофи равонии зеҳни кӯдак бояд ин соҳаҳоро хуб донист ва усулҳои мураккабро дарк кард.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
зеҳн, усул, технологияи инноватсионӣ, қобилиятҳои зеҳнӣ, муошират, тафриқа, қобилият, эҳсосот, усулҳои шифоҳӣ, рафтор