АСОСҲОИ НАЗАРИЯВИИ ТАШАККУЛИ ТАСАВВУРОТИ АХЛОҚИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Султонов Р.Н..pdf)Султонов Р.Н.АСОСҲОИ НАЗАРИЯВИИ ТАШАККУЛИ ТАСАВВУРОТИ АХЛОҚИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ37

 


МУАЛЛИФ: Султонов Рустам Нозимович, унвонҷӯи кафедраи   педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола асосҳои назариявии ташаккули тасаввуроти ахлоқии хонандагони хурдсол аз дидгоҳи мутафаккирони форсу тоҷик мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Аз он ҷумла таъкид шудааст, ки анъанаҳои тарбиявӣ фарҳанги педагогии миллат, маромҳо ва расму оинҳои тарбияро ташкил медиҳанд. Ҷумҳурии соҳибистиқлол бо риояи таҳкими мавқеъи инсондӯстӣ ҳамчун арзиши асосии ҷамъиятӣ, инчунин бо пайравӣ аз дастурҳои ахлоқии олимони форсу тоҷик дар раванди таҳсилот,талош меварзад, ки ба инкишофи маънавӣ ва ҷисмонии кӯдакон, бо ташаккули неруи захиравӣ  ва имконоти окилона ҳал намудани проблемахои глобалии эъмори мамлакат таъсир расонад. Дар ин росто, иброз шудааст, ки сарчашмаҳои адабӣ андешаҳои олимон, файласуфон, омӯзгорони форс-тоҷикро оид ба масъалаҳои педагогика инъикос намуда, дар равишҳои таълиму тарбия, бахусус дар масъалаҳои таъсиррасонӣ ба хислат ва рафтори кӯдакон, дар онҳо ташаккул додани ҳисси  инсонпарварӣ ва майл ба меҳнат тафсирҳои умумӣ медиҳанд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

Тасаввуроти ахлоқӣ, тарбияи маънавӣ, арзишҳои ахлоқӣ, инкишофи маънавӣ, инсондӯстӣ, анъанаҳои миллӣ, тарбияи зеҳнӣ