Рӯйхат 2023
ВИЖАГИҲОИ ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ ТАЪЛИМ ДАР МАКТАБ
МУАЛЛИФ: Мирмухаммедова Парвина Соҳибҷоновна, унвонҷӯи кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба баррасии вижагиҳои истифодаи технологияҳои инноватсионии таълим дар мактаб бахшида шудааст. Мафҳумҳои “технологияи таълим”, “технологияи педагогӣ” ва “инноватсия”-ро шарҳу тавзеҳ ёфта, алоқамандӣ ва нақши онҳо дар раванди таълиму тарбия муайян гардидааст. Таъкид гардидааст, ки фарқи возеҳи байни мафҳумҳои "технологияи педагогӣ" ва "технологияи таълимӣ" ҳанӯз муқаррар карда нашудааст. Ҳини масъалагузорӣ мулоҳизаҳои олимони соҳа Ф.Шарифзода, Т.К.Тақдиров, Г.Ниёзбекова ва дигарон таҳлилу баррасӣ ва истинод шудаанд. Муаллифи мақола ба хулоса омадааст, ки дар сурати оқилона истифода шудани технологияҳои инноватисонии таълим барои фаъол намудани алоқаи акс бо таълимгирандагон шароити мусоид фароҳам меояд ва дар умум, дар раванди педагогӣ натиҷаҳои матлуб ба даст оварда мешавад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
технологияи таълим, технологияи педагогӣ, технологияи инноватсионӣ, инноватсия, навоварӣ, таълим ва тарбия