ХОТИРАҲОИ МУҲАММАД ҲАКИМХОН ДАР БОРАИ АМИР ДӮСТ МУҲАММАДХОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Абдукаримов Ҷ.А..pdf)Абдукаримов Ҷ.А.ХОТИРАҲОИ МУҲАММАД ҲАКИМХОН ДАР БОРАИ АМИР ДӮСТ МУҲАММАДХОН35

 


МУАЛЛИФ: Абдукаримов Ҷамолиддин Аҳмадалиевич, н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола  маълумоти яке аз сарчашмаҳои ҳавзаи таърихнигории Қӯқанд “Мунтахаб ат-таворих”-и Муҳаммад Ҳакимхон доир ба шахсият ва фаъолияти амири Афғонистон Дӯстмуҳаммадхон оварда шудааст. Таъкид шудааст, ки «Мунтахаб ат-таворих» сарчашмаи нодир оид ба таърихи хонигарии Қӯқанд ва аморати Бухоро ба ҳисоб рафт, дар баробари ин дар омӯзиши вазъи сиёсии Афғонистон дар нимаи аввали асри XIX аҳамияти калони илмӣ дошта, ҳатто баъзе аз маълумоти Муҳаммад Ҳакимхон дар сарчашмаҳои таърихии ин кишвар инъикос наёфтаанд. Муҳаммад Ҳакимхон дар асараш дар бораи амири маъруфи Афғонистон Дӯст Муҳаммадхон, ки шахсан мешинохт ва робитаҳои дустӣ дошт, маълумоти хеле ҷолибу шавқангез овардааст, ки барои муайян намудани лаҳзаҳои ҳаёт ва фаъолияти ин шахси таърихӣ ва таърихи Афғонистон қобили аҳамиятанд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

“Мунтахаб ат-таворих”, Муҳаммад Ҳакимхон, Дӯстмуҳаммадхон, Аморати Бухоро, Афғонистон, Осиёи Миёна