ВАЗЪИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ АМОРАТИ БУХОРО ВА РУСИЯИ ПОДШОҲӢ (солҳои 20-50-уми асри XIX)

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Шарифов Ғ.З..pdf)Шарифов Ғ.З.ВАЗЪИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ АМОРАТИ БУХОРО ВА РУСИЯИ ПОДШОҲӢ (солҳои 20-50-уми асри XIX)37

 


МУАЛЛИФ: Шарифов  Ғайрат Зарипович, омўзгори кафедраи таърихи умумии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола муносибатҳои дипломатии Аморати Бухоро ва империяи Русия дар нимаи аввали асри XIX, дар асоси манбаҳои муҳим омӯхта шудаанд. Сабабҳои авҷ гирифтани алоқаҳои дипломатӣ ва таваҷҷуҳи Русия ба Аморати Бухороро дар ин давра бо пурзуршавии муносибатҳои капиталисти дар Русия, таъсири дипломатӣ ва тиҷоратии Англия бо тавассути Афғонистон ва Ҳиндустон ва дигар равандҳо дидан мумкин аст. Қайд карда мешавад, ки сафоратҳои ҳар ду тараф дар ин давра вазифаҳои махсуси сиёсӣ ва иқктисодӣ доштанд. Нишон дода шудааст, ки дар натиҷаи якчанд сафар  аз Русия ва Бухоро Осиёи Миёна, махсусан аморати Бухоро мавқеи муҳими стратегӣ барои давлатҳои абарқудрат ишғол кард. Вале, муаммоҳо дар муносибатҳои Русия ва Бухоро вуҷуд доштанд, ки дар мақола таҳлил шудаанд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Аморати Бухоро, Русияи подшоҳӣ, муносибатҳои дипломатӣ, сафорат, амир Ҳайдар, амир Насрулло, Александри I, тиҷорат