Рӯйхат 2023
ВИЛОЯТҲОИ ХОҶАГӢ-МАДАНӢ ВА ЗИРОАТКОРӢ ДАР ХОНИГАРИИ ҚӮҚАНД
МУАЛЛИФ: Турсунов Бустон Рахмонович, д.и.н., доцент кафедры истории таджикского народа ГОУ “ХГУ им. акад. Б.Гафурова “; Маматкулов Джурабек Абдуганиевич, соискатель кафедры истории и религиоведения ТГУ ПБП (Таджикистан, Худжанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ
ЧАКИДА
Дар мақола, дар асоси муқоисаи сарчашмаҳои бостоншиносӣ, хаттӣ ва адабиёти илмӣ, масъалаҳои пайдоиши фарҳанги кишоварзӣ таҳлил мегардад. Қайд шудааст, ки маълумоти бостоншиносӣ нишон медиҳанд, водии Фарғона яке аз маконҳои тамаддун дар Осиёи Марказӣ мебошад. Пайдоиш ва мавҷудияти тамаддуни Чуст ва Қайроққум, алоқаи онҳо бо вилоятҳои ҳамсоя, аз ҷониби бостоншиносони давраи шуравӣ амиқ тадқиқ карда шудааст. Пайдоиши аввалин воҳаҳои зироаткор ва манзилҳои аҳолӣ ба монанди Эйлатан ва Дилварзин қайд мегардад, пайдоиш ва давраи вуҷуд доштани онҳо муайян карда мешавад. Чӣ тавре, ки сарчашмаҳои хаттӣ ва этнографӣ гувоҳӣ медиҳанд, дар давраҳои қадим воҳаи зироаткорон аз чорводорони кӯчӣ бо деворҳои баланд ва дароз, ки онро мардум «Кампир девор(л)» меноманд ҷудо мегардид. Бо инкишофи зироаткорӣ, шумораи манзилҳои аҳолӣ зиёд мегардад, аз хоҷагии натуралӣ, водии зираткорон ба савдои ҳавза ва байналхалқӣ ворид мешавад. Дар давраи охири асрҳои миёна ва асри нав воҳаҳои кишоварзӣ ҳамчун як ҷузъи минтақаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ муттаҳид шуданд. . Дар мақола, дар мисоли водии Фарғона ва вилояти Хуҷанд, таъсисёбии вилоятҳои хоҷагӣ-маданӣ нишон дода шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Кугарт, қаторкӯҳҳои Фарғона, Ҷалолобод, маданияти Чуст, маданияти Қайроққум, фарҳанги кишоварзӣ, Эйлатан, Кампир девол, Конибодом, воҳа, вилоятҳои хоҷагӣ – маданӣ, аъло – беҳтарин, авсат – миёна, адна – дараҷаи паст, қайроқ ер –қайроқ, Қӯқанд, Хуҷанд