АБДУЛАҲАД ҚАҲҲОРОВ – ТАРБИЯТГАРИ ҶАВОНОНИ ЭҶОДКОР

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Набизода В.М., Қобилов З.З..pdf)Набизода В.М., Қобилов З.З.АБДУЛАҲАД ҚАҲҲОРОВ – ТАРБИЯТГАРИ ҶАВОНОНИ ЭҶОДКОР39

 


МУАЛЛИФ: Набизода Ваҳҳоб Машраб, д.и.т., профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик; Қобилов Зафарҷон Закирович, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола саҳми яке аз арбобони давлатии халқи тоҷик, Раиси Шӯрои Вазирони Абдулаҳад Қаҳҳоров дар тарбияи эҷодкорони ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллифон  бар асоси маводи муътамад ғамхории А.Қаҳҳоровро дар тайёр кардан ва тарбияи актёрон ва мутахассисони ҷавони соҳаи фарҳанги кишвар мавриди таҳлил қарор додаанд. Таваҷҷуҳи хоса ба таъсиси факултети санъат дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко ва сохтмони бинои нави Сирки давлатии Тоҷикистон нигаронида шудааст. Тазаккур меравад, ки дар солҳои шастум ва ибтидои ҳафтодум Ҳукумати ҷумҳурӣ дар боби инкишофи адабиёт пайваста ғамхорӣ мекард. Қайд шудааст, ки бо дастгирии Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон дар соли 1966 КМ ИЛКҶ Тоҷикистон Ҷоизаи комсомолро дар соҳаи адабиёт ва санъат таъсис дода буд, ки навъе  муроқибати давлату ҳукумати вақт ҷиҳати  ғамхорӣ ва тарғиби истеъдодҳои  ҷавони адабӣ ба ҳисоб мерафт.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Абдулаҳад Қаҳҳоров, курс-конференсия, адибони ҷавон, тайёр кардани кадрҳо, ЭКСПО-67, ғамхорӣ ба ҷавонони эҷодкор, таъсиси ҷоизаи комсомол, истеъдоди фитрӣ