Рӯйхат 2023
ДАР ШИНОХТИ НАҚДИ АДАБӢ ВА АДАБИЁТИ МИЛЛӢ
МУАЛЛИФ: Нуров Нуралӣ Норович, д.и.ф., директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА:тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба сурати тақриз ба китоби адабиётшиноси тоҷик Мисбоҳиддини Нарзиқул “Ҷусторҳо дар назму наср ва нақди адабии муосир” навишта шуда, дар он арзиш ва аҳамияти китоб дар шинохти масоили нақди шеъру осори насри муосир ва нақди нақд муқаррар карда шудааст. Муаллиф дар ҷараёни таҳлилу баррасии муҳтавои китоб ҷойгоҳи асарро дар таҳқ иқи таҳаввули роман дар адабиёти даврони истиқлол, анвои роман ва мақоми романи таърихӣ дар миёни онҳо, диду назари дигаргуна ба шинохти насри муосири тоҷик, нақду баррасии муҳимтарин осори насри имӯз муқаррар сохтааст. Баробари ин дар ин тақриз мавқеъ ва мақоми китоб дар маърифати шеъри имрӯз, рисолати шоирии устод Лоиқ Шералӣ ва сабкшиносии ашъори ӯ, масъалаҳои таҳқиқи анвои шеър, чун шеъри арӯзи озод ва нав, нақду баррасии шеъри шоирони ҷавон нишон дода шудааст. Муаллифи мақола ба хулосае расидааст, ки дар се бахши китоб муҳимтарин масоили нақди адабии муосир баррасӣ шуда, онро ҳамчун оинаи шинохти адабиёти миллии имрӯз муаррифӣ мекунанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Мисбоҳиддин Нарзиқул, нақди шеър, нақди адабӣ, нақди наср, нақди нақд, адабиёти миллӣ, роман,романи таърихӣ, шеъри нав