«ШӮЪЛАИ ИНҚИЛОБ» ВА ОМИЛҲОИ ПАЙДОИШИ ОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (38.Абдуллоева Ш.Р..pdf)Абдуллоева Ш.Р.«ШӮЪЛАИ ИНҚИЛОБ» ВА ОМИЛҲОИ ПАЙДОИШИ ОН46

 


МУАЛЛИФ: Абдуллоева Шоира Рақибовна, унвонҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА:тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола муаллиф бо назардошти омӯзишу таҳқиқи таърихи матбуоти тоҷик талош намудааст, ки дар боби омилҳо ва заминаҳои пайдоиши нахустин маҷаллаи тоҷикии даврони собиқ Шӯравӣ “Шуълаи инқилоб” маълумот диҳад. Дар оғози мақола муҳимияти матбуот барои ҷомеа аз нигоҳи чеҳраҳои мондагори наҳзати маорифпарварӣ шарҳу эзоҳ дода шудааст. Ҳамчунин муаллиф бо истифода аз сарчашмаҳои мӯътамад ва диду нигоҳи муҳаққиқони тоҷик кушиш намуда, ки чанде аз омилҳои муҳими таъсиси маҷалларо баён намуда, онҳоро равшанӣ бахшад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

маҷаллаи “Шуълаи инқилоб”, Саидризо Ализода, матбуот, маорифпарвар, Самарқанд