МАҚОЛАИ ШАРИФҶОН ҲУСЕЙНЗОДА ВА АВВАЛИН НАҚДИ МАВОДИ РӮЗНОМАИ “ҲАҚИҚАТИ СУҒД”

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (37.Ҳакимова С.Х..pdf)Ҳакимова С.Х.МАҚОЛАИ ШАРИФҶОН ҲУСЕЙНЗОДА ВА АВВАЛИН НАҚДИ МАВОДИ РӮЗНОМАИ “ҲАҚИҚАТИ СУҒД”55

 


МУАЛЛИФ: Ҳакимова  Сурайё  Ҳасансултоновна, н.и.ф., омўзгори кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи МДТ “ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА:тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола масъалаи нақди маводи адабии рӯзномаи “Пролетари Хуҷанд” (айни ҳол “Ҳақиқати Суғд”) аз ҷониби Шарифҷон Ҳусейнзода баррасӣ шудааст. Мақолаи Ш.Ҳусейнзода ”Дар роҳи санъати бузурги сотсиалистӣ” унвон дошта, таҳлилу баррасӣ ва нақди кӯтоҳе ба саҳифаи адабии “Адабиёт ва саноеии нафиса” мебошад. Таъкид мешавад, ки дар соли дувуми нашри ба риштаи нақд кашида шудани фаъолияти адабии рӯзномаи “Пролетари Хуҷанд” ва саҳифаи адабии он маълум месозад, ки ҷарида дар тарғибу ташвиқи илму адаб саҳми арзанда доштааст ва имрӯз ҳам ин рисолатро сарбаландона ба ҷо меорад.Пажӯҳиш нишон медиҳад, ки рӯзнома аллакай аз рӯзҳои нахустини нашри хеш ба масъалаҳои адабиёт, ба вижа тарғибу ташвиқи адабиёти миллӣ таваҷҷуҳ намуда, дар баробари нашри ҳикояву шеърҳои ҷолиб саҳифаи махсуси адабӣ бо номи “Адабиёт ва саноеи нафиса” доштааст. Мақолаи Шарифҷон Ҳусейнзода ”Дар роҳи санъати бузурги сотсалистӣ”-ро аз мақолаҳои бозёфтии адабиётшиноси маъруф, ки дар оғози фаъолияти илмии хеш иншо намудааст ва то кунун дастраси аҳли назар набуд, шинохтан мумкин аст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

рӯзнома, Шарифҷон Ҳусейнзода, “Пролетари Хуҷанд” адабиёт, шумораи ҷашнӣ, саҳифаи адабӣ