Рӯйхат 2023
МАҚОЛА: ВИЖАГӢ ВА АНВОИ ОН
МУАЛЛИФ: Самадова Дилбар Ҳасановна, н.и.ф., дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума; Зарипова Шаҳноза Тоҳировна, н.и.ф., сармуаллимаи кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА:тоҷикӣ
ЧАКИДА
Масъалаи унсурҳои шаклсози жанри таҳлилӣ ва хусусиятҳои мундариҷавии мақола муфассал таҳлил шуда, нақш ва ҷойгоҳи он дар ҳавзаи рӯзноманигорӣ муайян ва мушаххас гардидааст. Маънии истилоҳӣ ва заминаҳои таърихии пайдоиши он мушаххас гардида, андешаҳои муҳаққиқони русу тоҷик доир ба хусусиятҳои жанрии он таҳлил ва арзёбӣ шудааст. Дар заминаи таҳлили қиёсӣ муайян гардидааст, ки мақола ба шеваи ҷадид ва сурате, ки имрӯз маъмул аст, собиқаи чандоне надошта, пайдоиши он ба фаъолияти аввалин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” вобаста мебошад. Ҷараёни минбаъдаи ташаккул ва таҳаввули мақола, хусусиятҳои мундариҷавию сохтории он дар заминаи маводи баъзе рӯзномаҳои замони шӯравӣ таҳлил ва арзёбӣ шуда, истифодаи огоҳонаи муаллифон аз имкониятҳои ин жанри публитсистӣ бо мисолҳо нишон дода шудааст. Дар шинохт ва арзёбии навъҳои мақола муаллиф хусусиятҳои мундариҷавӣ ва сохтории ин жанрро ба эътибор гирифта, дар замина се навъи мақолаи публитсистӣ- таҳқиқӣ, иҷтимоӣ ва интиқодиро эътироф кардааст ва ҳар кадомеро бо истинод ба фаъолияти баъзе нашрияҳо ва рӯзноманигорони алоҳида шарҳ додааст. Дар мақола василаи асосии шинохт ва тақсимбандии жанри мақола ба навъҳо меъёрҳои усулии фарогирӣ ва тарҳи ҳунарии мавзӯву масъалаҳо шинохта шудааст. Ҳамчунин омилҳои дигар, аз ҷумла иттилои кофии муаллиф аз мавзӯъ, озодии мавқеъ, эътимод ва садоқату самимият ба ҳунар, иффат ва покизагии калом ва риояти усулу одоб ба сифати омилҳои касбии таъсиргузор дар ташаккул ва таҳаввули ин жанр арзёбӣ гардидаанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
мақола, журналистика, мавзӯъ, рӯзнома, маҷалла, муҳаққиқ, жанр, иҷтимоӣ, таҳлил