ТАҲЛИЛИ ОМОРИИ САҲИФАҲОИ РАСМИИ ДОНИШГОҲҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (35.Комилов К.И., ,Тухтаева М.М..pdf)Комилов К.И., Тухтаева М.М.ТАҲЛИЛИ ОМОРИИ САҲИФАҲОИ РАСМИИ ДОНИШГОҲҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ 44

 


МУАЛЛИФ: Комилов Каримбой Исломович, н.и.ф, дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума; Тӯхтаева Маҳноза Маъруфовна, докторанти PhD кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи МДТ “ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА:тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар шароити тавсеаи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи довталабон ва донишҷӯён, истифодаи ин шабакаҳо барои инъикоси фаъолият, муаррифии дастовардҳои илмӣ ва тарғиби хидматрасонии донишгоҳҳо муҳим ва талаботи замон гардидааст. Дар ин мақола бо мақсади омӯзиши фаъолияти саҳифаҳои расмии донишгоҳҳои вилояти Суғд дар шабакаҳои иҷтимоӣ, нишондиҳандаҳои омории онҳо таҳлилу муқоиса гашта, барои беҳсозии фаъолияти онҳо тавсияҳои мушаххас дода шудааст. Чунин таҳлил бори аввал сурат гирифта, натиҷаҳои он барои рушд ва беҳсозии фаъолияти саҳифаҳои донишгоҳҳо муҳим аст. Дар натиҷаи омӯзиш маълум гашт, ки донишгоҳҳои вилоят асосан дар Фейсбук ва Инстаграм фаъол буда, дар марҳилаи мавриди пажӯҳиш саҳифаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бештар фаъол буда, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон чизе нашр накардаанд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

шабакаҳои иҷтимоӣ, донишгоҳҳои Суғд, тарғиби интернетӣ, SMM, саҳифаҳои расмӣ, обуначиёни саҳифа