ХУСУСИЯТҲОИ ТАСВИРИ БАДЕӢ ВА ИНЪИКОСИ ФАЛСАФАИ ЗИНДАГӢ ДАР ҲИКОЯҲОИ АНВАР МИЗОҲАКИМИ ОЛИМ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (34.Ҳошимов И.Р..pdf)Ҳошимов И.Р.ХУСУСИЯТҲОИ ТАСВИРИ БАДЕӢ ВА ИНЪИКОСИ ФАЛСАФАИ ЗИНДАГӢ ДАР ҲИКОЯҲОИ АНВАР МИЗОҲАКИМИ ОЛИМ51

 


МУАЛЛИФ: Ҳошимов Илҳомҷон Раҷаббоевич, унвонҷӯи кафедраи адабиёти муосири тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА:тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола хусусиятҳои тасвири бадеӣ ва инъикоси фалсафаи зиндагӣ дар ҳикояҳои нависандаи муосири тоҷик Анвар Мизоҳакими Олим мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.Қайд мешавад, ки Анвар Олим аз зумраи он нависандагонест, ки ҳам аз назари сабки нигориш ва ҳам аз назари мавзӯъву вежагиҳои фаннӣ насри муосири тоҷикиро пеш бурданд.Хотирнишон мешавад, ки ҳикояҳои нависанда аксар заминаи ҳаётӣ доранд ва ё аз зиндагии муқаррарии муҳити зисти муаллиф гирифта шуда, дар партави ҳадафи ғоявии муаллиф паёме аз мушкилоти маънавию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ бо худ доранд. Хулоса мешавад, ки тасвирҳои бадеии инсон, вақту фазо ва ашёву ҳолатҳои зиндагӣ дар ҳикояҳои адиб хеле ҷаззоб ва тозаву наванд, ки ин муассирии сухани нависандаро пурқувват менамояд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

тасвир, Анвар Олим, наср, ҳаёт, қаҳрамон