АРЗИШИ АДАБИИ ҶИЛДИ СЕЮМИ «МУНТАХАБ- УТ-ТАВОРИХ»- И БАДОУНӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (33.Пӯлотов Н.Н..pdf)Пӯлотов Н.Н.АРЗИШИ АДАБИИ ҶИЛДИ СЕЮМИ «МУНТАХАБ- УТ-ТАВОРИХ»- И БАДОУНӢ 42

 


МУАЛЛИФ: Пўлотов Назирҷон Набиҷонович, н.и.ф.,дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон,Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА:тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола ҷанбаи адабиву тазкиравии «Мунтахаб-ут-таворих»-и Абдулқодири Бадунӣ бо мисолҳои мушаххас нишон дода шуда, мақоми он ба сифати сарчашмаи муҳимми адабӣ нишон дода шудааст. Қайд карда мешавад, ки Бадоунӣ аз донишмандони пуркори охири асри XVI буда, бо осори арзишманди худ дар ривоҷу равнақи адабтиёти форсизабони Ҳиндустон саҳми беназир гузошта, сабки хоси баён дорад. Дар мақола доир ба ҷилди сеюми асари таърихии Бадоунӣ «Мунтахаб-ут-таворих» изҳори назар шуда, муаллиф дар бораи ҳакимону олимон ва шоирон маълумоти ҷолибу тозае додааст, ки дар китобҳои дигари таърихӣ чунин иттилоот дида намешавад. Аз ин рӯ, иттилои муаллифи китоб беаҳамият нест ва дар омӯзиши адабиёти форсизабони Ҳинд матолиби муфид дорад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

сарчашмаи муҳими адабӣ, Бадоунӣ, “мунтахаб-ут-таворих”, шоирон, адабиёти форсизабони Ҳиндустон, асари таърихӣ