ҒАЗАЛИ ИСТИЛОҲӢ ДАР ТАРКИБИ МАСНАВИҲОИ АСРИ ХIV ВА НИМАИ АВВАЛИ САДАИ XV

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (32.Тоҷибоев Ш.Ғ..pdf)Тоҷибоев Ш.ҒҒАЗАЛИ ИСТИЛОҲӢ ДАР ТАРКИБИ МАСНАВИҲОИ АСРИ ХIV ВА НИМАИ АВВАЛИ САДАИ XV59

 


МУАЛЛИФ:Тоҷибоев  Шарифҷон  Ғайбуллоевич, н.и.ф., дотсенти  кафедраи  адабиёти классикии тоҷики  МДТ  “ДДХ  ба  номи акад.Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА:тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии истифодаи ғазал дар маснавиҳои асри ХIV ва нимаи якуми садаи ХV ихтисос ёфтааст. Хотирнишон мешавад, ки бар асоси навовариҳои шоирони маснависарои садаи ХIV ва нимаи аввали қарни ХV чаҳорчӯби суннатии жанрҳои адабӣ шикаста шуда, ба таркиби жанрҳои муҳташам ба шумумли маснавӣ вуруди бесобиқаи жанрҳои нисбатан хурди ғиноӣ, аз қабили фард, рубоӣ, қитъа, ғазал ба вуқуъ пайваст, ки дар натиҷа як навъ омезиши жанрҳо падид омад. Маснависароёни давраи пажӯҳишӣ, монанди Авҳадии Мароғаӣ, Салмони Соваҷӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Котибии Нишопурӣ, Имоди Фақеҳ, Убайди Зоконӣ , Рукниддин Соини Симнонӣ, Ибни Имод , Ибни Ямин, Ибни Насӯҳи Шерозӣ, Мири Кирмонӣ ва дигарон дар миёни маснавиҳои хеш муносиб бар вазни манзумаҳояшон аз як то панҷоҳ ғазал овардаанд.Тамоми ғазалмаснавиҳо бо мӯҳтавои аслии асар пайванди маъноӣ доранд ва зебоиву ҷаззобияти каломи шоирро афзуда, архитектоникаи маснавиҳоро боз ҳам мустаҳкам менамоянд Собит мегардад, ки агар то асри ХIV ғазал танҳо дар таркиби маснавиҳои ошиқона мушоҳида шавад, дар асри ХIV ва нимаи аввали садаи ХV ба сохтори маснавиҳои таълимиву ирфонӣ низ роҳ ёфт.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

маснавӣ, ғазал, омезиши жанрҳо, таносуби ғазал бо маснавӣ, навпардозӣ, маснавиҳои ошиқона, маснавиҳои таълимӣ ва ирфонӣ